суббота, 9 августа 2008 г.

Низоми кредити

Тахсил дар мактаб ба охир расиду довталабон худро ба дари донишгоху донишкадахо мезананд,то рохи ояндаихешро интихоб намуда, ба хаёти мустакилона кадам гузоранд.Дар навбати худ хамасола кормандони сохаи маорифкушиш ба харч медиханд,ки усулхои навитаълиму тадрисро ((дуруст)) ба рох монда, барои баланд бардоштани савияи дониши чавонон икорият фарохам созанд.
Ба касе пушида нест,ки охста- охиста факултаву донишгоххо ба низоми кредити гузашта истодааед.Барои маълумоти пурра гирифтан доир ба ин низом рохи Донишгохи технологии Точикистонро пеш гирифтем. ДТТ яке аз донишгоххое мебошад,ки аввалин шуда,ба ин система кадам гузоштааст.Дар хусуси ин низом ва оид ба тачрибаи онхо сухбате доштем бо рохбари маркази бакайдгирии донишгох,номзади илмхои техники ,дотсент Чаъфаров Сабзали Файзалиевич.
-Низоми кредити нахуст дар кучо пайдо шудааст?
-Ин низом дар асри 19 дар Амрико пайдо шуд ва охиста-охиста дар аврупо густариш ёфт
-Сабаби асосии гузаштани Точикистон ба ин низом чи буд?
-Сабаби асосии гузаштан ба ин низом чахонишавии илму маърифат мебошад. Яъне имрузхо рафтуои чавонон ба мамолики Гарб зиёд шуда истодааст ва ин низом имконят фарохам меоварад, ки дипломи Точикистонро дар чахон эътироф кунанд. Агар содда карда гуем эътирофи як мамлакат аз чониби мамлмкати дигар. Ин ба он овада расонид, ки соли 1999 дар шахри болони Италияаввалин шуда 18-давлати Аврупо оид ба гузаштан ба низоми кредити санаде имзо карданд. Дар мамлакатхои Осиёи Миёна бошад, аз чумла Киргизистон, Казокистон ва Узбакистон ба ин низом аз мо пештар гузаштанд.
- Кредит чи гуна низом аст?
- Кредит ин як вохиде мебошад, ки хачми мехнати хам донишчу ва хам омузгорро чен мекунад. Кредит се зинаи омузиши дорад: Зинаи аввал бакалал, дуввум магистратура ва зинаи сеюм докторантура. Барои ноил шудан ба дипломи бакалал мо бояд аз 120 то 130 кредитро дар давоми чор соли тахсил аз худ намоем. Гуфтан тчоиз аст, ки хар як кредит мехнати муайянро талаб мекунад. Донишчу дар давоми нимсолаи хониш 15 соат дар аудитория ва зиёда аз 30 соат бояд мустакилона кор кунад, то як фанро аз худ намояд.
- Бартарияти низоми кредити аз низоми анъанави дар чист?
- Бартарият дар он аст, ки дар низоми кредити донишчу фаъол аст, яъне дар як нимсола се маротиба санчиш супорида ба имтихони солона омода мешавад. Донишчу хар руз хол мегирад ва онхоро дар охир чамъбаст мекунад. Дар низоми анъанави бошшад дар як нимсола як маротиба санчишу имтихон месупоранд. Ба гайр аз ин дар низоми кредити донишчу барномаи таълимии худро дорад, яъне фанхое, ки барои фаъолияти ояндаи истехсолиаш лозим аст бо кумаки ёрдамчихои академи (эдвайзер), зиёда аз 20 фани пешниходшуда заруриашро интихоб мкунад, вале боз фанхое хастанд, ки аз худ кардани донишчу хатмист. Дар низоми анъанави бошад, хохем назхохем ми кдори муайяни фанхое хастанд, донишчу мачбур аст онхоро аз худ кунад.
-То чое, ки мо маълумот дорем хангоме, ки донишчу микдори муайяни холхоро чамъ карда наметавонад, дар курсаш мемонад ва маблаги шартномаро аз нав парохт мекунад. Оё ин вокеан хам чунин аст?
- Умуман дар ин низом ба донишчу имконият дода мешавад, ки дар давоми нимсола меъёри муайяни кредитхоро гирад. Хар як фан кредити муайяни худро дорад. Мисол математика се кредит, забони руси ду кредит, ки донишчу бояд зина ба зина аз худ намояд. Фарз кардем, ки донишчу холи муайяншударо гирифта натавонист, яъне кредитро аз худ накард, дар коидаи низоми кредити донишчу бояд хамин фанро аз нав хонад. Бо гуруххои нав муаллим дарс мегузарад ва сарфу харочоти хамаи ин аз маблаги донишчу мебошад, зеро вай аз имконияти додашуда истифода бурда натавонист. Мисол аз як фан се кредит карздор бошад танхо хамон маблаги се кредитро пардохт менамояд. Хар як кредит ва фан маблаги муайяни худро дорад, ки инро мусохиб муайян мекунад. Акидаи дар боло зикргардида, ки маблагро аз нав пардохт менамояд.
- Ба андешаи шумо заминаи дониши чавонони мо ба ин низом кифоя аст?
- Мо хохем нахохем ягом вакт ин корро бояд сар кунем, агар мо интизор шавем, ки кай чавонони мо ба ин низом таёр мешаванд, ин нуктаи назар ба фикрам галат аст.

Комментариев нет: